Сафари кори президенти точикистон

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Боздиди раисиҷумҳури Тотористон аз Тоҷикистон 19 ва 20-уми март дар назар аст.


Тибқи иттилои Лилия Галимова, намояндаи расмии Кремли Қазон имрӯз Рустам Минниханов дар мулоқот бо Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия барномаи сафари ҳайати расмӣ ба Душанберо баррасӣ мекунад.

“Дар нақшаҳои раисиҷумҳури Тотористон сафар ба Тоҷикистон рӯзҳои 19-20 март ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сафар мулоқотҳои зиёди корӣ дар назар аст. Имрӯз дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Русия масоили марбут ба ин сафар баррасӣ мешаванд”, - иттилоъ додаанд расонаҳои Тотористон аз қавли Лилия Галимова.

Ӯ таъкид кардааст, ки Тотористон дар густриши ҳамкорию тиҷорат бо Тоҷикистон, аз ҷумла дарёфти бозорҳои нав барои фурӯши маҳсулоти мошинсозӣ, нафту кимиёвӣ ҳавасманд мебошад.

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Дилшод Раҳмон имрӯз дар ҷаласаи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати шашум, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуд.


Дар даъвати гузашта роҳбарии Кумитаи мазкурро Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба уҳда дошт, ки ба даъвати ҷадид шомил нагардид.

Раҳмон Дилшод Сафарбек, ки ҷойгузини Озода Раҳмон шуд, декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз ҳавзаи интихоботии Душанбе вориди Маҷлиси миллӣ шуд.

Озода Раҳмон дар суҳбати ҷамъбастияш ба ҳайси узви Маҷлиси миллӣ ва роҳбари яке аз кумитаҳои калидии он изҳор дошт, парламенти кишвар мактаби бузургест, ки аз ҳар як узви он касбият ва масъулияти баландро тақозо менамояд.

"Дар ин робита, ба аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ фаъолияти пурмаҳсулу муваффақиятҳои рӯзафзунро баҳри рушду инкишоф, шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва боз ҳам беҳтар намудани некуаҳволии мардуми он таманно менамоям. Итминони комил дорам, ки онҳо бо дарки масъулияти баланд барои рушди бемайлони институти парламентаризм саҳми босазо мегузоранд”, - таманно кард Озода Раҳмон ба аъзои нави Маҷлиси миллӣ.

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми раиси Маҷлиси миллӣ ва Аҳмадзода Раҷаббойу Файзов Ёдгор Доёровичро бо вазифи муовини аввал ва муовини раиси Маҷлис табрик гуфта, ба онҳо барори кор хост.


“Аъзои Маҷлиси миллии даъвати нав шахсиятҳои арзанда, соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ мебошанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур изҳори боварӣ намуд, ки аъзои нав бо сафарбар намудани нерӯи зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи худ дар рушди низоми қонунгузорӣ, боз ҳам беҳтар намудани сифати қонунҳо, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа нақши назаррас мебозанд.

Ӯ дар хитоб ба аъзои Маҷлиси миллӣ гуфт, хотирнишон месозам, ки ҳар яки шумо роҳбари ин ё он сохтору мақомоти давлатӣ, яъне хизматчии давлатӣ мебошед.

“Аз ин лиҳоз, шумо бояд, пеш аз ҳама, вазифаҳои хизматии худро дар сатҳи баланд иҷро карда, ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат намоед”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Русия аз рӯзи шумораи бештарини мубталоёни коронавирус аз Белгия, ки дар он 36 ҳазору 138 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифташудааст, пеш гузашта, дар ҷаҳон ба ҷои 10-ум баромад.

Дар ин бора Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) хабар медиҳад.

Тибқи омори ахири ин созмон, теъдоди беморони шифоёфта дар Русия ба 3 057 нафар ва шумораи фавтидагон ба 313 кас расид.


Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Русия ҳамчунин ИМА (710 272 нафар), Испания (190 839 нафар), Италия (172 434), Фаронса (147 969), Олмон (141 397), Британияи Кабир (108 692), Чин (82 719), Эрон (79 494) ва Туркия (78 546) дохил мешаванд.

Дар Украина низ теъдоди мубталоён зиёд шуда, давоми рӯз 444 ҳолати нав ошкор гардид. Дар маҷмӯъ шумораи беморон дар кин кишвар 5 106 нафар буда, аз онҳо 275 кас шифо ёфтаанд ва 133 нафар фавтидаанд.

Дар Арманистон шумораи гирифторони коронавирус 47 нафар зиёд шуда, 1248 касро ташкил медиҳад. Дар ин давлати минтақаи Қафқоз 523 нафар шифо ёфта, 20 каси дигар вафот кардаанд.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) теъдоди беморони гирифтор ба COVID-19 бетағйир буда, дар Белорус 4 204 нафар, Молдова – 2 264, Қазоқистон – 1 593, Ӯзбекистон – 1 450, Озарбойҷон – 1 340 ва Қирғизистон 506 нафар мебошад.

Шумораи беморони шифоёфта ба ҷуз аз Қазоқистон, ки дар он аз 347 ба 361 нафар расид, дар дигар давлатҳо бетағйир буда, дар Озарбойҷон 528 нафар, Беларус – 342, Молдова – 276, Ӯзбекистон – 156 ва Қирғизистон – 130 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар Молдова 54 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Белорус – 40, Қазоқистон – 17, Озарбойҷон – 15, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 нафар фавтидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус 27 нафар зиёд шуда, 933 касро ташкил медиҳад, ки 132 нафари онҳо шифо ёфта, 30 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СҶБ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 258 ҳазору 725 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 154 ҳазору 381 нафар вафот карда, 575 ҳазору 837 кас шифо ёфтаанд ва 57 ҳазору 133 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Созсони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи 210 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии "Diamond Princess" ва "MS Zaandam", ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.


Маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олимақом бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор гаштанд.

Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки сафари аввалини ӯ ба Тоҷикистон дар маснади Сарвари давлат ба рушди тамоми маҷмӯи муносиботи ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

“Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, такконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”, таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Сарони давлатҳо оид ба ҷанбаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу робитаҳои башарӣ, иртибототи нақлиётӣ, истифодаи захираҳои обу энергетикӣ, амният ва мудофиа, ҳамчунин густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.

Сарони ду давлат дар аснои мулоқот ба доираи васеи масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳ карда, дидгоҳу назари хешро оид ба роҳҳову тариқаи ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи минтақаи Осиёи Марказӣ баён сохтанд.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ташаббусу ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ҷиҳати эҷоди фазои наву созандаи ҳамкории байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ комилан ҷонибдорӣ менамояд.

Пас аз анҷоми мулоқоти хоса музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо иштироки ҳайатҳои ҷонибҳо идома ёфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон музокироти ҷонибҳоро ҳамчун оғози марҳалаи нав дар муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ намуда, нақши муҳими Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар интиқоли ин муносибот ба маҷрои рушди созанда махсус таъкид кард.

Дар ин зимн Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев барои чунин талошҳои нек ва созандааш изҳори сипоси самимӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби худ ба Президент ва мардуми Тоҷикистон барои истиқболи бародарона ва меҳмоннавозии гарми ӯ ва ҳайати расмии ҳамроҳаш изҳори сипос намуда, қаноатмандии амиқи хешро аз натиҷаҳои музокирот иброз дошт.

Шавкат Мирзиёев тамоюлҳои мусбати овони ахирро дар муносибатҳои ҷонибайни ду кишвар, аз ҷумла ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол ва фаъол гаштани ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ, ки ба арзишҳои маънавии муштарак ва анъанаҳои ғании дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя менамоянд, баҳои баланд дод.

Дар иртибот ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ниятҳои баррасии ҳамаҷонибаи имконияти иштироки ҷониби Ӯзбекистонро дар бунёди иншооти гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони НОБ-и Роғун баён кард.

Ҳамчунин, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла иқдоми эълон гардидани давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалҳои “Об барои рушди устувор” ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими амнияти минтақавӣ мавриди дастгирии ҷониби Ӯзбекистон қарор гирифтанд.

Мувофиқаҳои дар рафти музокирот бадастомада заминаи боэътимоди ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҳалталабро, ки тайи ду даҳсолаи ахир ба рушди табиии муносибатҳои ду кишвар монеа шуда буданд, фароҳам меорад.

Имрӯз қариб ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо карданд ва ин воқеият ба ҷонибҳо имконият дод, ки Шартномаи дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонанд.

Қарор оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз натиҷаи дигари муҳими мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор меравад.

Дар ин замина қарори ҷонибҳо оид ба марҳала ба марҳала барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон низ муассир мебошад.

Аҳамияти барқарорсозии ҳаракат аз тариқи роҳи оҳани қитъаи Ғалаба – Амузанг махсусан таъкид гардид. Ин иқдом на танҳо таъсири бузурги иқтисодӣ хоҳад дошт, балки омили беҳбудии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, ки дар он зиёда аз сеюним миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад, хоҳад шуд.

Қарордодҳои дар рафти гуфтушунид бадастомада ҳамчунин барои дар вақтҳои наздик барқарор кардани иртибототи ҳавоиву автомобилӣ байни дигар шаҳрҳо бар иловаи хатсайри ҳавоие, ки феълан байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар амал мекунад, заминаи заруриро ба вуҷуд меоранд.

Ҳамаи ин натиҷаҳо рафтуомади мутақобили шаҳрвандонро ба таври назаррас сабук гардонида, ҳамзамон ба минбаъд ҳам наздиктар шудани ду халқи бародар, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар робитаҳои ҷонибҳо мусоидат менамояд.

Дар рафти музокирот муҳиммияти рушди робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар, ки ба фаъолнок кардани унсури бунёдии муносиботи байнидавлатӣ — ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат менамояд, таъкид гардид.

Ҷонибҳо аз шаш баробар зиёд шудани тиҷорати дуҷониба дар вақтҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки ният доранд дар ояндаи наздик ҳаҷми онро ба ним миллиард доллар расонанд.

Тарафҳо муҳиммияти таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи фарҳангиву башарӣ таъкид намуданд. Дар ин замина сухан, аз ҷумла дар бораи он рафт, ки асарҳои адабии классикиву муосир ба забонҳои давлатии ду кишвар тарҷума гардида, сатҳи омӯзиш ва таълими забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ дар муассисаҳои таълимии Ӯзбекистону Тоҷикистон мутаносибан баланд бардошта шавад.

Сарони ду давлат, бо назардошти сатҳи баланди эътимоди сиёсии байни тарафҳо ва ҷидду ҷаҳди онҳо ҷиҳати тавсеа ва таъмиқи бемайлони ҳамкориҳояшон, дар мавриди омӯзиши масъалаҳои вобаста ба аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровардани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи шарикии байнидавлатии стратегӣ изҳори ният намуданд.

Ба ин восита тарафҳо на танҳо натиҷаҳои кори муштаракро дар марҳалаи кунунии муносибатҳояшон таҳким мебахшанд, балки самтҳои асосии рушду тавсеаи онҳоро барои дурнамои дарозмуддат, аз ҷумла дар соҳаи таъмини амният ва ҳамкорӣ дар мубориза бо хатароту таҳдидҳои муосир муайян менамоянд.

Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори боварӣ намуданд, ки сафари имрӯза марҳалаи наверо дар муносибатҳои дуҷониба ҳусни оғоз бахшида, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар раванди рушди мусбату созандаи онҳоро дар масири болоравии бебозгашт таҳким мебахшад.

Дар охири мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари ҷавобии давлатӣ даъват ба амал овард. Даъват бо камоли хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар фарҷоми музокирот маросими баимзорасонии бастаи калонҳаҷми санадҳои дуҷониба, ки аз 27 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Изҳороти муштараки ҷонибҳоро дар хусуси таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ва Шартномаи байнидавлатӣ оид ба қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба имзо расониданд.

Дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шуданд:

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи автомобилии байналмилалӣ;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи ҳавоӣ;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар таъмини фаъолияти сарбанди “Фарҳод”;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон;

-Барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон;

-Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Тошканд оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридании андоз аз даромад ва сармоя;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи транзити боркашонии ҳарбӣ, махсус ва контингенти низоми тавассути ҳудуди давлатҳои Тарафҳо;

-Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;

-Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм;

-Созишнома байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ;

-Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ;

-Протокол оид ба боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи савдои озод аз 10 январи соли 1996;

-Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ташкили тартиби соддаи амалисозии амалиёти гумрукӣ ҳангоми гузаронидани маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

-Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мубодилаи маълумот, оид ба гузаронидани маҳсулот дар савдои мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

-Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи фаъолияти намояндагони сарҳадӣ;

-Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

-Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байни минтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Абдуллозода А. Ҳ.


АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Абдуллозода Алишер Ҳамид муовини сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 феврали соли 2020 №74
ш. Душанбе


Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Маҷидзода А.А.


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 феврали соли 2020 №66
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Донишкадаи ҳарбии
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Маҷидзода А.А.


Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Холиқзода Ҷ.


АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Холиқзода Ҷонибек бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 феврали соли 2020 №78
ш. Душанбе


Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зиёӣ Х.М.


ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Зиёӣ Х.М.


Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ - Сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Маҳмадзода С.Т.


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 феврали соли 2020 №65
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини Вазири мудофиа оид ба
аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ - Сардори раёсати аслиҳа ва техникаи
ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Маҳмадзода С.Т.


Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷурахонзода С. Х.


АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷурахонзода Саодати Хурсанд муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.


Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қодирзода Д.Б.


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 феврали соли 2020 №72
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Қодирзода Д.Б.


Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҳикматулло З.


АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳикматулло Зоирҷон муовини сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Шанбе 18 Апрел 2020

/z/539" data-onclick="" data-render-era="1" data-render-year="2020" data-render-month="4" data-prev-era="1" data-prev-year="2020" data-prev-month="3" data-next-era="" data-next-year="" data-next-month="" data-caller-type="ZoneArchive" >

Апрел 2020 Душ Cеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 30 31 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 1 2 3


Ду намояндаи барҷастаи Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи "идомаи таҳдидҳо" ва бархӯрди нодуруст бо хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паём фиристоданд.


Интихоби раиси шаҳри Душанбе ва писари калонии раисҷумҳури кишвар Рустами Эмомалиро ба мансаби раиси палатаи болоии порлумон (Маҷлиси миллӣ) коршиносон қадаме медонанд, ки аз пеш тахмин зада мешуд.


Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 18-уми апрел бо судури як фармон қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандро дар Русия, бинобар густариши бемории ҳамагири COVID-19, cабук кард.


Муҳоҷирони корие, ки дар давраи “карантин” дар Русия бекор ва дар вазъияти бад қарор гирифтаанд, аз мақомоти ин кишвар мехоҳанд онҳоро аз андоз ва пардохти пули патент муваққатан озод кунанд.


Як намояндаи ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 16 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳашт сокини деҳаи Қӯрғончаи ин ноҳия, деҳае, ки сокини он Ҳабибуллоҳ Шодиев рӯзи 1 апрел, ба қавли мақомот, аз илтиҳоби шуш фавтид, бо таби баланд ба бемористон расонда шудаанд.


15 созмону шахсияти алоҳида ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳукми як сол зиндони хабарнигори тоҷик Далер Шарифовро маҳкум карда, аз мақомот озодии фаврӣ ва бе қайду шарти ӯро дархост карданд.


Як гуруҳи 13-нафарии сиркбозони Русия бо тақрибан 30 ҷонвар дар Душанбе дармондаанд. Онҳо моҳи феврал барои ҳунарнамоӣ дар гӯшаҳои Тоҷикистон ба кишвар омада, ба сабаби баста шудани марзҳо натавонистанд берун раванд.



Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллӣ -- палатаи болоии порлумон интихоб шуд. Интихоби ӯ рӯзи 17-уми апрел бо овоздиҳии пинҳонӣ аз сӯи аъзои Маҷлиси Миллӣ сурат гирифт.


Баргузории намозҳои ҷумъа, панҷвақта ва таровеҳ аз 18-уми апрели имсол дар масҷидҳои Тоҷикистон муваққатан манъ шуд.

Нимаи дуюми рӯзи 14 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро, ки бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф овард, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатхо сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои кори Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳои минтақа ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

15 июн дар Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор гардид.

Меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.

Ба муносибати сафари давлатии меҳмони воломақом дар саҳни Қасри Миллат ҷузъу томҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва парондани 21 шиллик аз тӯпхонаҳо, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон, арзи саломи меҳмони воломақом ба низомиён ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид.

Ин маросими бошукӯҳ бо расми гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид.

Масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти васеи ҳар ду давлат баррасӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот паҳлӯҳои равобити дуҷонибаи кишварҳо, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таъмиқи минбаъдаи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чин - яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо мебошад.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои истиқболи самимии ҳайати расмии Чин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси беандоза карда, ба ташкили сатҳи баланди ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон баҳои баланд дод.

Ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” ва татбиқи босамари “Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин” омили муҳими дастёбӣ ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид.

Ҷонибҳо ба хотири идомаи равобити пурсамари шарикии стратегӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маблағгузории лоиҳаҳои Тоҷикистон, бунёди паркҳо ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, рушди соҳаҳои гидроэнергетика бо истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илм, маориф, фарҳангию гуманитарӣ, навоварӣ ва технологияро ҳамаҷониба баррасӣ карданд.

Ҳамкории муштарак бар зидди “се бадӣ” - терроризм, экстремизм ва сепаратизм, инчунин ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ, интиқоли маводи нашъадор ва киберҷиноятҳо, зарур шумурда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои низомиву техникӣ, таҳкими амнияти сарҳадот ва зерсохтори онҳо, омодасозии кадрҳои низомӣ, бо таҷҳизоти муосир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар Қасри миллат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин маросими пардабардорӣ аз рӯи лоиҳаи биноҳои бунёдшавандаи Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.

Сохтмони биноҳои Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ амалӣ карда мешавад.

Бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз - 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад

Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 11 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.

Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.

Дар лоиҳаҳои бунёди биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос, бо нақшу нигор мувофиқ сохта мешавад.

Ороиши ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода мешавад.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, иштироки сарони давлатҳо дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Қасри миллат маросими имзои санадҳо баргузор гардид, ки дар он бо иштирок ва дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санад ва дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин боз 5 санади тиҷоратӣ, дар маҷмуъ 18 ҳуҷҷати нав, аз ҷумла, ба имзо расид:

Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таъмиқи бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегиро Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин имзо карданд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи кӯмаки бебозгашт;

Протоколи талаботи фитосанитарӣ барои содироти лимӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Созишномаи байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории илмӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсис додани Гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021;

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории зиддитеррористӣ дар мавриди мубодилаи иттилоот, инчунин созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи филмбардорӣ, оид ба ташкили пойгоҳи коркарди фулузоти нодир, қиматбаҳо ва ранга, оид Барномаи интернет платформаи усули назорати сифат, оид ба лоиҳакашӣ, таъмин, насб, роҳбарӣ, ба истифода додан ва истеҳсоли тамоми таҷҳизот барои коргоҳи сементбарорӣ ва оид ба таъсиси ширкати муштарак ва сохтмони объекти коркарди металлургияи ранга дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои барҷаста дар таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни халқҳои тоҷику чин, рушди ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башардӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мукофоти давлатии Тоҷикистон - “Ордени Зарринтоҷ дараҷаи 1”-ро дар вазъият тантанавӣ тақдим карданд.

Дар толори маҷлиси Қасри миллат Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин барои намояндагони сершумори ВАО-и дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ ороста, мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чинро натиҷагирӣ карданд.

Читайте также:

Пожалуйста, не занимайтесь самолечением!
При симпотмах заболевания - обратитесь к врачу.

Copyright © Иммунитет и инфекции