Корхонаи нави кори пахта

Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Рашт

Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Рашт


Пеш аз ҳама, кулли мардуми ватандӯсту заҳматқарини ноҳияи Раштро ба муносибати ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон - биступанҷсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон сидқан табрик мегӯям.


Боздид аз боғи интенсивии “Пайванд-Рашт”

Боздид аз боғи интенсивии “Пайванд-Рашт”

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” шинос шуданд.


Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт

Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт

Худи ҳамин рӯз дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббии ноҳияро мавриди баҳрабардори қарор доданд.

Бинои мазкур аз 3 - ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум дароматгоҳ, даҳлез, 4 адад ҳуҷраҳои озмоишӣ ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.

Дар ошёнаи дуюм ва сеюм 12 синфхона, 6 адад ҳуҷраи корӣ ва толори фароғатӣ бунёд гардидааст.


Ба истифода додани маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Ба истифода додани маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи муҳташами варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд.

Пешвои миллат бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ин маҷмааи варзишӣ оғози расмӣ бахшида, аз шароиту имкониятҳои фароҳамоварда шинос шуданд.


Ифтитоҳи осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт

Ифтитоҳи осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт ба фаъолияти осоишгоҳ расман оғоз бахшиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, биноҳои осоишгоҳи мазкур бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, дар онҳо барои истироҳат ва барқарор кардани саломатии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фарзандони онҳо шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.


Шиносоӣ бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Рашт

Шиносоӣ бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Рашт

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Рашт шинос шуданд.

Тавре маълум гардид, хоҷагидорон дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои назаррасро соҳиб гашта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми фаъол мегузоранд.


Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Рашт

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Рашт

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншоотҳои ҷашнии 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкорона бо шукуҳу самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.


Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Лахш

Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Лахш


Нахуст аз ҳама, кулли мардуми заҳматкашу меҳмоннавози ноҳияи Лахшро ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон табрик гуфта, барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқона ба хурду бузурги ноҳия арзи сипос менамоям.


Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Лахш

Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Лахш

Дар ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимию созанда доир намуда, фаъолияти меҳнаткашонро давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарини Лахш барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаашон арзи сипос карда, ба ҳамаи онҳо саодату сарбаландӣ орзу намуданд.


Ба истифода додани бинои дуошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳияи Лахш

Ба истифода додани бинои дуошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳияи Лахш

Дар маркази ноҳияи Лахш, бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои дуошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои мазкур аз 12 манзили як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, барои афсарони қушунҳои сарҳадӣ ва дигар кормандони сохторҳои қудратӣ пешбинӣ гардидааст ва аз тӯҳфаи навбатии Пешвои миллат нисбати низомиён дониста мешавад.

Пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳамин бино дар ҳузури беш аз ду ҳазор нафар сокинон ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат нахуст ҳозиринро ба муносибати ҷашни бистсолагии таъсисёбии ноҳия, ки ба ҷашни бузурги миллиамон, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омадааст, табрик гуфтанд.


Боздид аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Боздид аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дидан карданд.

Дар ин ҷо ба сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои занону бонувони бешуғл барои касбомӯзӣ шароити хуб фароҳам шудааст.

Феълан дар коргоҳи дӯзандагӣ 20 адад мошинаҳои муосири дарздӯзӣ харидорӣ гардида, барои кор дар онҳо 20 нафар занону бонувони ҳунарманд бо ҷойи кору маоши мувофиқ таъмин мебошанд.


Ифтитоҳи бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Ифтитоҳи бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази навбунёди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расман ифтитоҳ намуданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои собиқи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бар асари лағжиши қитъаи замин дар ҳолати садамавӣ қарор гирифта, аз истифода берун гардида буд. Масъулин бошанд, то ин дам дар бинои қасри фарҳанг фаъолият мекарданд.


Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои дуошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд.

Ин бинои хуштарҳу замонавӣ аз 16 манзили як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, барои оилаҳои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия пешбинӣ гардидааст.


Шиносоӣ бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Шиносоӣ бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон аз наздик шинос гардиданд.


Ифтитоҳи хати интиқоли барқ ва оби нӯшокии шаҳраки навбунёди Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Ифтитоҳи хати интиқоли барқ ва оби нӯшокии шаҳраки навбунёди Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Пешвои миллат нахуст бо пахш кардани тугмачаи рамзӣ маркази нави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки навбунёди Меҳронро чароғон намуданд.

Хатти барқ ба ин мавзеъ аз масофаи 2 км оварда шудааст. Дар айни замон барои чароғон кардани шаҳраки нав 12 Кв қувваи барқ сарф мешавад. Дар оянда пас аз сохта шудани дигар биноҳо талаботи шаҳрак ба 20 Кв қувваи барқ хоҳад афзуд. Корҳои васлу насби таҷҳизотҳои барқӣ ва равшанидиҳандаро дар шаҳраки навбунёд ҶДММ "Само" анҷом додааст.


Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сарвари давлатро сокинони шарафманду меҳнатқарини ин ноҳияи баландкӯҳ бо самимияти хоса пешвоз гирифтанд.


Паём ба муносибати Иди саиди қурбон

Паём ба муносибати Иди саиди қурбон


Фардо барои мусулмонони кишварамон Иди саиди қурбон фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.


Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ифтихори бисту панҷумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ идома дорад.

Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев, дар табрикоти худ гуфтааст:

Нимаи аввали рӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуд.

Нахуст дар соҳили чапи дарёи Ёхсу, ки аз паҳлӯи шаҳри Кӯлоб убур мекунад, бо иштирок Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсолии Элдорадо расман ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, ин корхона бо харҷи 3,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Халил Темуров бунёд ёфтааст. Дар як басти кории ин корхона 40 тонна қуми шуста, 480 тонна шағал, 960 тонна асфалт ва 240 тонна бетон истеҳсол карда мешавад.

Дар ин корхона ҳоло 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти ин корхона минбаъд ба сохтмони биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, навсозии роҳҳои маҳаллии шаҳри Кӯлоб ва атрофи он машғул шуда, як корхонаи истеҳсоли хишти пухта низ бунёд менамоянд. Сохтмони як бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби онҳо рӯзҳои наздик оғоз меёбад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари имрӯза ва нақшаҳои ояндаи ин соҳибкорон изҳори қаноат карда, ба онҳо арзи сипос кард, зеро ин нахустин корхонаи истеҳсоли масолеҳи гуногнуи сохтмонӣ дар шаҳри Кӯлоб будааст.

Корхонаи дуюми бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳёфта доир ба коркарди аввалияи пахта Тиллои сафед буд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фирдавсӣ Муҳаббатов бунёд ёфтааст.

Тавре иттилоъ доданд, иқтидори солонаи ин корхона 20 ҳазор тонна буда, аз пахта 8 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад. То имрӯз дар ин корхона 110 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз 1200 то 1500 сомонӣ маоши моҳона мегиранд.

Зикр гардид, ки аз пахтаи дар ин ҷо коркардшаванда 35-40% нах мебарояд. Мавриди зикри хос аст, ки корхона бо технологияи навтарини чинӣ муҷаҳҳаз гардида, аз корхонаҳои пешинаи ин соҳа 3 баробар камтар нерӯи барқ масраф мекунад.

Аз ҳосили имсолаи пахта барои коркард то имрӯз 2,5 ҳазор тонна харидорӣ гардидааст. То охири мавсим онҳо то 6 ҳазор тонна пахта харида, коркард карданианд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бояд бо хоҷагиҳои пахтакор ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монда шавад, то ки онҳо ҳам ба истеҳсоли пахта ва ҳам ба ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатии ватанӣ ҳавасманд бошанд.

Дар назди корхона, ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли равған фаъолият мекунад.

Роҳбарияти корхона азм доранд, ки минбаъд як корхонаи омодасозии тухмии пахта ба кишт, яъне алберкунонӣ ва заҳролудсозии он ва корхонаи коркарди аввалияи пашм бунёд намуда, беш аз 100 ҷойи кории иловагӣ муҳайё созанд.

Сипас корхонаи нави коркард ва бастабандии гиёҳҳои шифобахш ва меваи хушк ифтитоҳ ёфт.

Тавре зикр гардид, ин корхона бо харҷи 750 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ду соҳибкори маҳаллӣ – Умархӯҷа Шарипов ва Мирзонаим Каримов бунёд ёфта, бо технологияи муосири чинӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар ин корхона 35 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Ғайр аз ин 150 оила ба корҳои мавсимӣ барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва меваи хушк ҷалб мешаванд. Маоши моҳона ҳоло 700 сомонӣ аст. Аз соли нав маош ба 1000 сомонӣ расида, минбаъд бо афзун шудани фоидаи корхона боз ҳам зиёд карда мешавад.

Дар як шабонарӯз дар ин корхона то 1 тонна гиёҳҳои шифобахш ва беш аз 3 тонна меваи хушк коркарду бастабандӣ мешавад. Ҳоло истеҳсоли 12 намуд маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Оянда ин шумора ба 25 номгӯй хоҳад расид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти ин корхона ва сифати баланду намои бозоргири маҳсулоташ изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки тавсиаи корҳо дар ин самти пурманфиат метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидати фаъол намояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки “аз ин неъматҳои бебаҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз бояд васеъ истифода намуд”. Ба роҳбарияти шаҳри Кӯлоб дастур дода шуд, ки доир ба сохтмони як чойхонаи миллӣ, ки чояш аз гиёҳҳои шифобахш бошад, чораандешӣ кунанд.

Дар маркази шаҳри Кӯлоб 3 корхонаи истеҳсолӣ паҳлӯи ҳам ба кор дароварда шуд, ки аз ҷониби як соҳибкори маҳаллӣ, Иззатулло Ашӯров бо харҷи 5,5 миллион сомонӣ бунёд ёфтаанд. Дар ин корхонаҳо орд, 8 намуд макарон ва 5 намуд нӯшокии ташнашикан истеҳсол мешавад. Дар се корхона маҷмуан 44 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидааст.

Аввал корхонаи макарон ба кор дароварда шуд, ки бо технологияи олмонӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он дар як моҳ 150 тонна маҳсулоти хушсифати бозоргир истеҳсол мешавад.

Дар корхонаи ордбарорӣ, ки бо технологияи навтарин аз Туркия муҷаҳҳаз шудааст, дар як шабонарӯз 24 тонна ғалла коркард мешавад. Дар ин ҷо навъҳои гуногуни орд бо сифати баланд истеҳсол мешавад.

Дар корхонаи нӯшокиҳои ташнашикан бошад, дар як шабонарӯз 700 литр коркард шуда, 5 намуд маҳсулоти хушлаззат истеҳсол мешавад.

Тавре аён гардид, дар ин 6 корхона беш аз 350 нафар бо кор таъмин гардидаанд.


Бино ба гузориши матбуоти Ҳинд, дар ин кишвар 5 мубаллиғи динӣ аз Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Эвеню Мейл, як расонаи интернетии Ҳинд рӯзи 18-уми апрел хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 24-уми март дар масҷиди Тамар дар шаҳри Ҷарханд дастгир шудаанд.

Вебсайт аз қавли афсарони пулиси Ҳинд навиштааст, ки ин афрод ба таблиғи ғайриқонунии Ислом машғул будаанд. Сабаби боздошт ба гуфтаи афсарони пулис, риоят накардани муқаррароти карантин ва низоми раводид будааст. Дар хабар омадааст, ки дар умум 11 нафар мубаллиғи диниро дастгир карданд ва чаҳор нафари онҳо аз Чин ва се тани дигар аз Қирғизистон будаанд.

Дар хабар аз қавли Раҷив Ранҷан афсари пулис навиштаанд: “Ҳангоми таҳқиқ маълум кардем, ки ин афрод бо раводиди туристӣ омадаанд, вале дар масҷиди Тамар пайдо шуданд. Онҳо ба афсарони пулис гуфтанд, ки барои хондани мавъизаҳои исломӣ дар шаҳри Ҷарханд ба инҷо омадаанд.” Шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамроҳони онҳоро баъди ташхис аз бемории КОВИД-19 ба карантин фиристодаанд. Маълум нест, ин мубаллиғон аз Тоҷикистон рафтаанд ва ё аз кишвари дигар. Назари сафорати Тоҷикистон ва Чину Қирғизистон ҳам дар хабар оварда нашудааст.


Мақомоти Русия аз афзоиши рекордии гирифторони КОВИД-19 хабар доданд ва айни замон раиси ҷумҳур Владимир Путин гуфт, “вазъ зери назорат аст”. Ситоди муқобила бо коронавируси нав дар Русия гуфт, дар 24 соати гузашта дар кишвар 6060 мавриди сирояти бемориро сабт кардаанд. Ҳамингуна теъдоди гирифторони беморӣ дар Русия, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст, ба марзи 43 ҳазор нафар наздик шуд.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, бемории КОВИД-19 то кунун сабаби марги 361 нафар шудааст, ҳарчанд мутахассисон ва ё мунтақидони давлат мегӯянд, омори мазкур баёнгари воқеият нест. Афзоиши босуръати теъдоди гирифторони КОВИД-19 дар Русия дар ҳолест, ки ин кишвар пеш аз дигарон марзҳояш бо Чинро баст ва гаштугузорро маҳдуд кард.

Шаҳри Маскав пойтахти Русия ҳоло тақрибан аз мардум холист. Владимир Путин рӯзи 19-уми апрел дар як видеои сабтшуда ба мардуми Русия гуфт, ҳукумат саъй дорад, то монеи сирояти ҳарчӣ бештари беморӣ шавад.

Русия бузургтарин кишвари муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва то кунун даҳҳо нафар аз ин муҳоҷирон ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудаанд. Доир ба марги чанд нафар ҳам гузоришҳо нашр шудаанд.


Дар Қазоқистон як фаъоли шинохтаи сиёсӣ ва аз мунтақидони ҳукуматро бо иттиҳоми “дурӯғпароканӣ” дар замони вазъи фавқуллода дастгир кардаанд. Раёсати пулиси шаҳри Алмаато рӯзи 18-уми апрел гуфт, Армон Шураевро барои дар шабакаҳои иҷтимоӣ батакрор паҳн кардани “иттилое, ки баёнгари воқеият нестанд” боздошт карданд. Пулис аз ин бештар ҷузъиёте надодааст.

Армон Шураев, ки дар расонаҳои гуногуни Қазоқистон кор карда ва ба як сиёсатмадори миллигаро табдил шудааст, ба истиснои раиси ҷумҳур Қосимҷомарт Токаев пайваста аъзои ҳукумати ӯро танқид кардааст. Ба гуфтаи Раёсати пулиси Алмаато дар сурати собит шудани иттиҳомот мумкин аст, Армон Шураевро то 7 сол ба зиндон маҳкум кунанд.

Ба гуфтаи пулис, ин фаъоли сиёсӣ бо амалкардҳояш назму тартибот дар замони вазъи фавқуллодаро ба хатар андохтааст. Қазоқистон барои пешгирӣ аз сирояти бештари вируси нав вазъи фавқуллода эълон кардааст. Армон Шураев рӯзи 18-уми апрел дар як навиштае дар Фейсбук баъзе аз мақомоти баландпояро ба ришвахорӣ муттаҳам кардааст. Ӯ ҳамчунин барномаҳои ҳукумат барои гирифтани қарз ва хароҷот барои бунёди шифохонаи махсуси муолиҷаи беморони КОВИД-19-ро ҳам танқид карда буд.


Раисиҷумҳур Доналд Трамп ва Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дигарбора амалкардҳои Чин барои пешгирӣ аз хуруҷи бемории навро зери суол бурда ва аз ин кишвар хостанд, доир ба хуруҷи КОВИД-19 иттилои бештар бидиҳад. Доналд Трамп рӯзи 18-уми апрел зимни нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед гуфт, суол ин аст, ки сирояти вирус “хатое буд, ки аз контрол хориҷ шуд” ва ё қасдан сурат гирифт. Ба гуфтаи Доналд Трамп, агар Чин инро медонист, пас бояд подоши корашро бубинад.

Майк Помпео рӯзи 18-уми апрел дар Твиттер навишт “ҳукумати Чин бояд посухгӯ бошад.” Баъди пайдо шудани вируси нав дар вилояти Вуҳон Доналд Трамп ва Майк Помпео ҳукумати Чинро барои адами шаффофият дар амалкардҳояш сахт танқид кардаанд. Трамп гуфт, ҳукумати Амрико саъй дорад, маълум кунад, ки оё дар воқеъ вирус аз озмоишгоҳи вирусшиносӣ аз Чин берун омадааст, ё не. Айни замон худи мақомоти расмии Амрико гуфтаанд, ончӣ ки дар бораи коронавируси нав маълум аст, нишон медиҳад, ки вирус аз роҳи табиӣ пайдо шудааст.

Энтонӣ Фаучи, мудири Пажуҳишгоҳи бемориҳои сироятӣ дар Амрико ва яке аз аъзои ситоди муқобила бо коронавирус дар ҳукумат рӯзи 17-уми апрел дар посух ба суоле дар бораи сунъӣ будани вируси нав гуфт, ки таҳқиқи таркиби он нишон медиҳад, ки вирус дар озмоишгоҳ офарида нашудааст ва аз ҳайвон ба инсон сироят кардааст.


Иёлоти Муттаҳида аз таҳдиди ҳамлаҳои сайберӣ ё кибернетикӣ ба бемористонҳо дар замони мубориза бо коронавирус хабар дод.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 17-уми апрел дар баёнияе гуфт, кишвараш фаъолиятҳои вайронгаронаи кибернетикиро, ки ба гуфтаи ӯ ба ҳадафи суст кардани кардани талошҳо барои муҳофизату иттилоърасонӣ ба мардум сурат мегирад, "ҳаргиз таҳаммул нахоҳад кард".

Вай ҳамлаҳои кибернетикиро ба шифохонаҳо дар ин замон "ғайримасъулона ва хатарнок" хонд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико ҳамчунон аз ҳукуматҳо хост, аз шабакаҳое, ки дар пушти ҳамлаҳои сайберӣ дар қаламравашон даст доранд, чашмпӯшӣ накунанд.

Помпео дар баёнияаш гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар робита ба ҳушдори Ҷумҳурии Чех аз силсилаи ҳамлаҳои сайберӣ ба ду шифохонаи он кишвар нигарон аст. Андрей Бабиш, нахуствазири Чехия, 17-уми апрел гуфт, ҳукумат аз ин таҳдид хабардор шуд ва бо он мубориза мекунад.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки кадом афрод ё гурӯҳҳо дар чунин таҳдидҳо даст доранд.

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, то кунун беш аз 2 миллиону 200 ҳазор мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар ҷаҳон тасдиқ шуда, беш аз 154 ҳазор тан ҷон бохтаанд ва беш аз 574 ҳазор нафари дигар шифо ёфтаанд.


Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия 4785 мавриди нави гирифтории сокинонро ба коронавирус ошкор кардаанд.

Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Русия ба беш аз 35 ҳазор нафар расидааст ва кишвар бо ин омор дар қатори ёздаҳум дар ҷаҳон меистад.

Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия аз коронавирус 40 тан ҷон бохтаанд ва бо ин рақам теъдоди умумии фавтидагон ба зиёда аз 300 нафар баробар шуд.

Аз ин беморӣ дар Русия беш аз 3 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.

Дар охири моҳи март дар аксар минтақаҳои Русия низоми хонашинӣ ҷорӣ шуд ва ин вазъият то 30-юми апрел идома хоҳад кард. Бо ин вуҷуд, вазъи фавқулода эълон нашудааст.

Дар ҷаҳон беш аз 2 миллиону 200 ҳазор кас ба коронавирус гирифтор шудаанд.


Мақомоти Узбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус муваққатан дучархарониро дар кишвар манъ карданд. Аммо истисноӣ ба онҳое, ки аз хона то ҷойи кор бо дучарха мераванд, ба истифодаи он иҷозат доданд.

Шоҳрух Ғиёсов, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Узбекистон рӯзи 17-уми апрел гуфт, ҳар касе ба кор бо дучарха меравад, бояд шиноснома, санад аз ҷойи кор ва номае аз корфаромо дошта бошад, ки ҳузурашро дар замони карантин дар ҷойи кор зарурӣ донад.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон то 18-уми апрел дар ин кишвари Осиёи Марказӣ гирифтории 1450 нафар ба коронавирус тасдиқ шуда, 4 нафар фавтидаанд.


Бархе аз аёлатҳои Амрико барномаҳоро барои азсаргирии фаъолиятҳои иқтисодияшон оғоз кардаанд.

Волии Мичиган гуфтааст, интизор дорад умури иқтисодии ин аёлат дар аввали моҳи май аз сар гирифта шавад.

Аммо мақомҳо гуфтаанд, ҳамаи умурро бодиққат баррасӣ мекунанд, то аз мавҷи дувуми коронавирус дар амон бимонанд.

Бар асоси гузоришҳо, дар пайи густариши коронавирус дар Амрико, дастикам 22 миллион нафар корашонро аз даст додаанд.

Омори донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс баёнгари он аст, ки дар Амрико беш аз 700 ҳазор нафар ба коронавирус гирифторанд. Зиёда аз 37 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтида, тақрибан 60 ҳазор кас шифо ёфтаанд.


Навбати узбекистонҳо барои иштирок дар маросими "Ҳаҷ-2020", ки имсол ба иллати коронавирус баргузор намешавад, дар соли оянда ҳифз шуда, онҳо метавонанд соли 2021 ба зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ бираванд. Дар ин бора мақомоти Кумитаи дини Узбекистон хабар доданд.

Дар изҳороти кумита аз 16-уми апрел омадааст, ки Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ бо ирсоли нома ин ниҳодро огаҳ кардааст, то омодагиҳо ба маросими ҳаҷҷи имсола бекор карда шаванд.

"Вазъ дар шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳукуматро водор сохт, ки чораҳои қотеона биандешанд ва бинобар ин, сафари зоирон аз тамоми кишварҳо барои адои ҳаҷ боз дошта шуд", - омадааст дар нома.

Кумитаи дини Узбекистон дар идома афзудааст, "агар вазъ дар Арабистони Саудӣ то маросими ҳаҷ беҳбуд наёбад, навбати сокинон барои иштирок дар он ҳифз хоҳад шуд".


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласае, ки писари калониаш ба курсии Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон нишаст ва амалан ба шахси дувуми ҷумҳурӣ табдил шуд, дар бораи коронавирус ҳам суҳбат кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми апрел ҳангоми суханронӣ дар нишасти Маҷлиси Миллӣ гуфт, "мо набояд аз ин ки чунин беморӣ дар кишвари мо вуҷуд надорад, хушҳоливу хурсандӣ кунем. Мо набояд тамошобини рӯзҳои сахти дигарон бошем. Баръакс, бояд ба он омода бошем, ки чунин озмоиши тақдир ё лаҳзаҳои душвор метавонанд дар кишвари мо низ ба вуҷуд оянд."

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ягон сокини кишвар ба коронавирус гирифтор нашудааст.

Аммо ахиран чанд ҳодисаи марги одамон ба роҳ ёфтани коронавируси нав ба Тоҷикистон бастагӣ дода мешавад. Ба монанди даргузашти ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, як корманди бемористони шаҳри Бохтар ва марги як сокини Шаҳристон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин мавридҳо ҳеч ишора накард, аммо гуфт, "вобаста ба вазъи баамаломада ба шахсони аз 65-сола боло тавсия дода мешавад, ки як вақти муайян бидуни зарурат аз хона дур нараванд, ҳамроҳи аҳли оилаи худ бошанд ва онҳоро сарварӣ кунанд."

Вай гуфт, мардуми Тоҷикистон чаҳор моҳи аввали сирояти коронавирус дар ҷаҳонро пушти сар кардаанд ва "бояд бо сабру таҳаммул моҳҳои апрелу майро низ тинҷу ором гузаронем".

Бемории ҳамагири КОВИД-19 охири моҳи декабри соли гузашта дар Вуҳани Чин ошкор шуд.

То ин дам ба ин беморӣ дар ҷаҳон беш аз 2 миллиону 180 ҳазор нафар гирифтор шуда, беш аз 140 ҳазор каси дигар ҷон бохтаанд. Омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс мегӯяд, беш аз ним миллион нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.


Шаҳри Вуҳани Чин, ҷое, ки бори аввал коронавирус пайдо шуда буд, ба сабаби афзудани шубҳаҳо ба шаффофияти Чин, шумораи мурдаҳоро аз коронавирус 1290 кас зиёд кардааст.

Ин ҳам пас аз он рӯй дод, ки президенти Амрико Доналд Трамп, пешниҳодеро эълон кард, ки ба ҳокимони иёлот иҷоза медиҳад барои сар кардани иқтисоди дарҷомондаи Иёлоти Муттаҳида чораҳои маҳдудкунандаро сабук кунанд.

Трамп рӯзи 16-уми апрел дар нишасти хабарии Кохи Сафед дар Вашингтон дар пайванд ба ин мавзуъ суханронӣ кард.

Аз рӯи рақамҳои навшуда шумораи мурдагон дар Вуҳан ба 3869 нафар мерасад, ки тақрибан аз се ду ҳиссаи ҳолатҳои тасдиқшудаи Чинро дар бар мегирад.

Бино ба гузоришҳои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс бо рақамҳои наве, ки ба назар гирифта шудаанд, Чин ба тавр расмӣ аз 83,700 ҳолат ва беш аз 4600 фавт гузориш додааст.

Коршиносон аз олудагӣ ва маргу мири аз коронавирус гузоришшуда дар Чин шубҳа доранд ва ин рақамҳоро хеле каму боварнашаванда меноманд.

Вашингтон Пекинро ба он гунаҳкор мекунад, ки паҳншавии бемориро дар рӯзҳои аввал пинҳон карда ва маълумоти дақиқро надодааст.

Танқиди Иёлоти Муттаҳида 16-уми апрел аз тарафи Фаронса ва Бритониё дастгирӣ ёфт.


Президенти ИМА Доналд Трамп як барномаи фаъол намудани иқтисоди ин кишварро пешниҳод кард. Феълан бо мақсади пешгирӣ аз тавсеаи короновирус тақрибан дар тамоми гӯшаҳои Амрико карантин ҷорӣ аст ва соҳибкорӣ аз ҳаракат мондааст. Дар натиҷа 22 миллион Амрикоӣ ҷойи кори худро аз даст доданд.

Ба қавли Доналд Трамп, дар чаҳорчӯби фаъол намудани иқтисод, ки чанд марҳиларо дар бар хоҳад гирифт, роҳбарӣ бар души ҳокимони аёлатҳо хоҳад буд. Ӯ гуфт, кишвар ба якборагӣ боз нахоҳад шуд. Баъзе аёлатҳо барвақтар ва баъзеҳо вобаста ба таъсири короновирус дертар иқтисодро фаъол хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Доналд Трамп, ҳукумат ҳамоно машварати покиза нигоҳ доштани худ, аз ҷумла шустани дастон, пок нигоҳ доштани атроф ва пӯшидани ниқоби тиббиро назорат хоҳад кард.

Тибқи иттилои СҶТ, аз рӯи теъдоди мубталоёни ин вирус Амрико дар ҷаҳон дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад. Дар ин кишвар то кунун беш аз 678 ҳазор ба ин беморӣ гирифтор шуда, 34 ҳазору 341 нафар ҷон бохтаанд.


Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллӣ -- палатаи болоии порлумон интихоб шуд. Интихоби ӯ рӯзи 17-уми апрел бо овоздиҳии пинҳонӣ аз сӯи аъзои Маҷлиси Миллӣ сурат гирифт.

Ба ин тартиб, Рустами Эмомалӣ расман шахси дувуми Тоҷикистон шуд. Тибқи қонунгузорӣ, дар сурати беморӣ, аз қудрат рафтан ё фавти раиси ҷумҳур, салоҳиятҳои ӯ ба ӯҳдаи раиси Маҷлиси Миллӣ мегузарад.

Палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аз соли 2000-ум боз фаъол аст ва он замон то кунун раёсати онро Маҳмадсаид Убайдуллоев ба уҳда дошт.

Рустами Эмомалӣ аз моҳи апрели соли 2017 вакили маҷлиси Душанбест. Вай дар моҳи январи соли 2017 ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд.

Аз як мансаб ба мансаби баландтар таъйин шудани Рустами Эмомалӣ интиқодҳоеро ба бор овардааст, ки то куҷо ин таъйинот шоистасолорона аст.

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чандин вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раҳбарии Оҷонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Дар соли 2012 ба ҷойи генерал Сӯҳроб Қосимов раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд ва то ба ҳол дар ин мақом кор мекунад.

Озода Раҳмон, фарзанди дигари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва дар гузашта узви Маҷлиси Миллӣ буд.

Домодаш Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва додарарӯсаш Ҳасан Асадуллозода раиси "Ориёнбонк" мебошанд.

Зарина Раҳмон, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси “Ориёнбонк” ​ва духтари дигараш Рухшона Раҳмонова муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст.

Шамсулло Соҳибов, домоди дигари раиси ҷумҳур, муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст. Дар феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқии Кумитаи андоз номи ӯ ба ҳайси муассиси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" сабт шудааст.

Бег Сабур, қудои президент, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.

Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон ба суоли он ки дар як сохтор кор кардани пайвандони наздик оё қонуншиканӣ нест, посух додааст, ки дар ин ҳол қонун халалдор нагаштааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин тараф ҷилави қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад. Мухолифон ва созмону кишварҳои ғарбӣ ӯро барои саркӯби дигарандешон ва маҳдудиятҳои озодии баёну эътиқод танқид мекунанд. Ҷонибдоронаш хатми ҷанги дохилӣ, сохтмони роҳҳо ва нирӯгоҳҳоро аз комёбиҳои раиси ҷумҳур медонанд.

Читайте также:

Пожалуйста, не занимайтесь самолечением!
При симпотмах заболевания - обратитесь к врачу.

Copyright © Иммунитет и инфекции