Чои кори холи дар амонатбонк

Толиб Айёмбеков, аз собиқ фармондеҳони саҳроӣ дар Бадахшон мегӯяд, ки ӯ ҳама қарзҳои бонкии худро пардохт кардааст. Ин матлабро ӯ дар вокуниш ба гуфтаҳои раиси “Амонатбонк” баён кард, ки гуфт, Толиб Айёмбеков қарзҳои бонкиашро баргардонида натавонист ва аз ин хотир, амволи ба гарав мондааш, ба фурӯш гузошта шуд.

Толиб Аёмбеков рӯзи 18-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар мавриди то куҷо дуруст будани гуфтаҳои раиси “Амонатбонк” баён дошт, "чӣ қадаре буд, ҳамон қадар супоридем, дигар надорам. Чӣ қадаре гуфтанд, ҳамаашро супоридем."

Вай дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ дар бораи вазъи зиндагӣ ва манбаъҳои даромадаш гуфт, "дар Хоруғ оҳиста-оҳиста ба тиҷорат машғул ҳастем, чӣ кор кунем? Як истироҳатгоҳ дорем, кори ҳамонро пеш мебарем. Истироҳатгоҳи “Авҷ” асосан барои табобати чашм, системаи асаб ва меъда равона шудааст."

Ин дар ҳолест, ки Руҳулло Ҳакимзода, раиси "Амонатбонк" рӯзи 18-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳарчанд амволи Толиб Айёмбеков ба фурӯш гузошта шуд, аммо то ба ҳол харидоре пайдо накардааст. Роҳбари "Амонатбонк" таъхир дар фурӯши амволи Айёмбековро ба бӯҳрони молиявӣ рабт дод ва гуфт, амволи Толиб Айёмбеков ба талаботи қарзи гирифтааш ҷавобгӯ мебошад. Вай афзуд, қарзи Оламбибӣ Гулдарбоғова, ки аз номи Ёдгор Мамадасламов -- дигар фармондеҳи пешини саҳроӣ дар Бадахшон гирифта буд, пурра баргардонда шудааст.

Дар соли 2015 Толиб Айёмбеков, фармондеҳи пешини мухолифини мусаллаҳ дар Бадахшон муваззаф шуда буд, ки то охири ҳамон сол боқимондаи қарзҳояшро ба "Амонатбонк" баргардонад, вагарна бонк амволи багаравмондаи ӯро ба фурӯш мегузорад. ​Толиб Айёмбеков ҳамроҳи писараш соли 2010 аз "Амонатбонк" 455 ҳазор сомонӣ қарз гирифта буданд.

Қаҳвахонаву амборҳое, ки харидор надорад

Масъулини “Амонатбонк” дар Бадахшон мегӯянд, амволи Толиб Айёмбеков як қаҳвахона ва амборҳо иборат мебошанд.

Зайнаб Маҳмадназарзода, роҳбари дафтари “Амонатбонк” дар вилояти Бадахшон мегӯяд, худи Айёмбеков амволашро ба фурӯш баровардааст, вале то ҳол умуман харидор пайдо нашудааст. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Бадахшон рӯзи 18 июл ӯ гуфт, “ҳам қарз ва ҳам фоизи қарзаш мондагӣ аст. Яъне қисми қарзу қисми фоиз баргардонда нашудааст. Молу мулки Айёмбеков, ки асосан аз амволи ғайриманқул иборат мебошанд, аз соли қарз додан дар гарав буданд. Баъде, ки қарз ба таъхирафтода шуд, амволашро худи қарздор ба фурӯш баровард. Худи Айёмбеков бо мо дар ин бора ҳамкорӣ дорад ва ваъда дод, ки ягон амволам ба фурӯш равад қарзро бармегардонам.”

Феълан кор намекунад

​Роҳбари “Амонатбонк” дар Бадахшон мегӯяд, дар миёни қарздорони бузургашон дар вилоят Толиб Айёмбеков ягона муштарие мебошад, ки дар баргардондани қарзаш мушкилӣ дорад. Зайнаб Маҳмадназарзода гуфт, ба иттилое ки ӯ дорад ҳоло Толиб Айёмбеков дар истироҳатгоҳи “Авҷ” як котеҷ дошта, “аз ҳисоби ҳамон, ба фикрам, зиндагӣ доранд.”

Расонаӣ шудани исми Аёмбеков баъди ҳодисаҳои Хоруғ

Номи Айёмбеков дар пайи куштори генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати амнияти Бадахшон дар тобистони соли 2012 расонаӣ шуд ва мақомот дар аввал ӯро дар ин қазия муттаҳам карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2012 дар ҷараёни сафараш ба вилояти Бадахшон гуфта буд, ки Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов қарзашонро ба "Амонатбонк" баргардонанд.

Ҳудуди ду сол қабл, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси вақти "Амонатбонк" гуфта буд, ки қумандонҳои собиқи Бадахшон 80 дарсади қарзашонро баргардонидаанд. Оқои Нурмуҳаммадзода он замон гуфта буд, ки қарз соли 2008 бо номи пайвандони Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов гирифта шудааст. Ба гуфтаи раиси вақти "Амонатбонк", маблағи умумии қарз 800 ҳазор сомониро ташкил медод.

Аз ин қабл, дар соли 2013 мақомоти Бонки давлатии амнонатгузории "Амонтабонк" гуфтанд, ки қарзи собиқ раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшонро тариқи додситонӣ меситонад. Зеро додситонӣ нисбати собиқ раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшон парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ин амр имкон медиҳад, ки тариқи додситонӣ пулҳои "Амонатбонк" гирифта шавад.

Рӯзи 21-уми июли соли 2012 Абдулло Назаров, сарвари раёсати КДАМ дар Бадахшон, дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ кушта шуд. Дар оғоз бадоҳатан мақомоти амниятӣ, ба шумули Додситонии кул, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Толиб Айёмбеков ва гурӯҳи иборат аз 15-20-нафарии ӯро дар куштори ӯ ва ҳам латукӯби чор ҳамсафараш муттаҳам карданд.

Ба хотири боздошти ин гурӯҳ, нерӯҳои ҳукуматӣ дар Бадахшон амалиёти вижаеро пиёда карданд, ки рӯзи 24-ум аз субҳ то бегоҳ идома кард. Аммо пас аз таслим шудани Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов ва эътирозҳои густардаи мардуми Бадахшон, амалиёт қатъ гардид.

1. Ёрдамчии Директор оид ба супоришҳои махсус

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 859 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ ва барои рутбаи махсус.

2. Нозири калони Раёсати ташкили кор ва назорат

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ;

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 806 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ ва барои рутбаи махсус.

3. Нозири калони Раёсати кадрҳо

4. Нозири калони Шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ;

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 806 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ ва барои рутбаи махсус.

5. Нозири калони Шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ;

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 806 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ ва барои рутбаи махсус.

6. Нозири калони Бахши коргузории махфӣ

7. Ваколатдори оперативии Шуъбаи мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқисодии характери коррупсионидоштаи Раёсати Агентӣ дар ВМКБ

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 628 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ ва барои рутбаи махсус.

8. Муфаттиши Бахши тафтишоти Раёсати Агентӣ дар ВМКБ

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 628 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ ва барои рутбаи махсус.

9. Ваколатдори оперативии Шуъбаи мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқисодии характери коррупсионидоштаи Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 628 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ ва барои рутбаи махсус.

10. Муфаттиши Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 628 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ ва барои рутбаи махсус.

11. Нозири калони Бахши ташкили кор, назорат, таҳлил, иттилоот ва омори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ;

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 767 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ ва барои рутбаи махсус.

12. Навбатдори оперативии Шуъбаи навбатдории оперативӣ ва изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 628 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ ва барои рутбаи махсус.

13. Навбатдори оперативии Бахши навбатдории оперативии Шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоби Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 628 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ ва барои рутбаи махсус.

14. Нозири калони Бахши ташкили кор, назорат, таҳлил, иттилоот ва омори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ;

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 767 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ ва барои рутбаи махсус.

15. Навбатдори оперативии Шуъбаи навбатдории оперативӣ ва изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 628 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ ва барои рутбаи махсус.

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шаванд.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад :

-аризаи шахсӣ ба номи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳанатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯйи корҳои илмӣ, тавсияномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

Сиёвуш Наботов, олими ҷавони тоҷик дар Фейсбук қиссаи саргардонии модараш барои гирифтани пули аз Маскав фиристодаи як писари муҳоҷирашро нашр кардааст. Писар рӯзи 4 декабр тавассути Юнистрим, ширкате, ки мақомот худашон ташвиқ доранд, ки бо пулатонро фиристед, ба модараш нонпулӣ фиристодааст. Модар 4 рӯз дар бонкҳои ноҳияи Восеъ наметавонад пулашро бигирад ва бо машварати бонкҳои маҳаллӣ ба Душанбе меояд. 4 рӯзи дигари ин модар дар Душанбе дар пушти дари Амонатбонку Эсхата сарф мешавад ва дар охир пули фиристодаи фарзандашро гирифта натавониста, бо дасти холӣ ва дили малӯл ба Восеъ баргаштааст. Сиёвуш Наботов навиштааст, ки Бонки миллӣ бо ихтирои "системаи нестандарҷаҳон”-и Маркази миллии протсессингӣ ба хотири манфиатҳои худ мардумро саргардон кард ва бояд аз мардум барои ин ноуҳдабароӣ узр бихоҳад.

" Раис! медонед чӣ, як тасаввур кунед? Як саратонро дар болиштатон гузореду фикр кунед, ки ҷигарбандатон бо азоб дар кишвари ба истилоҳ фашистмиҷоз барои кӯдаконаш пул кор карда, ба онҳо нонпулӣ мефиристад ва 8 рӯз боз дар ба дари бонкҳо аз н.Восеъ то Душанбе сарсону саргардон мегардеду бегоҳ дусад километрро тай карда дасти холӣ ба назди набераҳоятон меравед ва онҳо умед доштанд, ки шумо аз пули падарашон фиристода шояд ширинию бозичаҳо меовардед ва мегӯед, ки бачам, натавонистам пулро гирам. Дар ин вақт медонед набераҳоятон чӣ қадар оҳи сарду чуқур мекашанд. Намедонед. ” – навиштааст Сиёвуш Наботов хитоб ба раиси Бонки миллӣ.

БА РАИСИ БОНКИ МИЛЛӢ ҶАМШЕД НУРМУҲАММАДЗОДА ! МУҲТАРАМ РАИСИ БАРОИ КОРМАНДОНАТОН МУҲТАРАМ!

Медонед як муҳоҷирро бо модарашу зану фарзандонаш 8 рӯз боз саргардон кардаед? Чӣ тавр? Бароятон мегӯям, гӯш кунеду каме бошад, андеша кунед, ки бо кашфи системаҳои нестандарҷаҳонатон ба куҷо рафта истодаед!

Санаи 4 .12.2019 аз Москав бародарам барои зану фарзандонаш ба ному насаби Модарам нонпулӣ мефиристаду инак 8 рӯз маблағро гирифта наметавонанду зану фарзандонаш дар деҳот азоб мекашанд, ки яқинан ҷавобашро дар назди Худой мегӯееддд!. Модар 4 рӯз дар н. Восеъ барои гирифтани маблағ мераваду баъди интизориҳои зиёд дар сардиҳо наметавонад маблағро бигиранд ва кормандони ҳамаи бонкҳои н.Восеъ айбро бар гардани шумои ихтироъкор мезананду Модарро ба Душанбе равонаш мекунанд, ки хола маблағи ба системаи Юнистрим фиристодаро аз Душанбе мегиред. Баъди 4 рӯз ба Душанбе омада ва се рӯзи дигар дар Душанбе дар Амонатбонк навбатпоӣ карданд, ки дар ин миён системаи наватон кор ҳам намекард.

Хулас рӯзи 12 уми декабр боз Амонатбонк рафтем ва маблағро пурсидем ва гуфтанд интизор шавед система кор кардаистодааст пулро гиред. Лекин ҳайҳот боз мушкилот. Корманди бонк гуфт, ки аз сабаби маблағи равонкардаи нонпулӣ долар будааст мо наметавонем долар диҳем, зеро Нурмуҳаммадзода моро бо доллар кор карданро манъ кардааст.

Хулас рафтем ба Спитаменбонк ва онҷо низ аз соати 8 субҳ то 11 навбатпоӣ кардем ва ниҳоят навбатамон расид, аммо боз хаёламон хом баромад. Корманди бонк ба мо гуфт: мо бо сабаби тасдиқ нашудани коди пул наметавонем пулро бидиҳем ва пагоҳ як биёед.

Ҷаноби раис ман аз сари қаҳр ба Бонки миллӣ занг задаму хостам бо шумо пайвастам кунанд, зеро дар ҳама бонкҳо система бо айби ноуҳдабароии шумо кор намекардааст. Лекин як зани бадқаҳри бадсадо чунон ба сарам аз он тарафи телефон дод зад, ки гӯё бонки падараш бошаду пулро қарз мегирам.

Хулас ба модар каме пул додаму нонпулии набераҳояшро нагирифта ба қишлоқ назди намебароҳояҳош рафтанд.

Медонед, раис агар Аврупо мешуд, шояд дар назди зану фарзандони ду миллион мухочири дар 30 дарача сарди кор мекарда расан узр мепурсидеду барои хар сония дер пардохт карданатон, ки мушкили техникӣ ин мушкилоти бонкхост чуброни моддию маънави пардохт мекардед.

Раис! медонед чӣ, як тасаввур кунед? Як саратонро дар болиштатон гузореду фикр кунед, ки ҷигарбандатон бо азоб дар кишвари ба истилоҳ фашистмиҷоз барои кӯдаконаш пул кор карда, ба онҳо нонпулӣ мефиристад ва 8 рӯз боз дар ба дари бонкҳо аз н.Восеъ то Душанбе сарсону саргардон мегардеду бегоҳ дусад километрро тай карда дасти холӣ ба назди набераҳоятон меравед ва онҳо умед доштанд, ки шумо аз пули падарашон фиристода шояд ширинию бозичаҳо меовардед ва мегӯед, ки бачам, натавонистам пулро гирам.

Дар ин вақт медонед набераҳоятон чӣ қадар оҳи сарду чуқур мекашанд. Намедонед. Чунки азизатон дар муҳоҷират нестанд. Ман хуб баъди рафтани модар ман имрӯз боз ба Спитаменбонк рафтаму бо истодани навбати зиёд маблағро гирифтам ва акнун дар дар фикри ба н. Восеъ фиристоданаш хастам. Медонед Раис ман дар назди бонк чиро мушоҳида кардам? як ҳолати ачиберо. Як зане бо овози баланд дод мезаду мардуми зиёдро даъват карда, номнавис мекард. ман ҳам ҳисси кунҷковиам боло гирифту пурсон шудам, ки шумо киеду чаро инҷо ҷамъ шудед?

Яке аз онҳо гуфт, ки мо соҳибкоронем ва барои хариди доллар ба бонк омадем, ки он зани қаламбадаст сохибкорест, ки моро барои бо навбат харид кардани доллар номнавис мекунад. Раис ман чунон ҳузнангез буд, ки ногуфтанӣ. Як кишвари демократӣ ва озоду ором чаро чунин системаи фалаҷи бонкӣ дорад, ки соҳибкору муҳоҷирро сарсону саргардон кардаст.
Ҷаноби Раис! Медонед, ман чигуна кор кардани шуморо мехоҳам? Шумо бояд дасту остинатонро бар зада, дар утоқҳои кориатон, ки бо иқдоми шаҳрдорию маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе гарму нарм аст ва аз ҳисоби андозу дигар пардохтҳои месупоридаи мо маош мегиред, қаламу коғаз гирифта, бо ҷалби мутахассисон нақша кашида, то нисфи шаб бе танаффус кор кунед, то системаро ба по хезонед! Баъзан дар бонкҳо гуфтанд, ки равед карта гиред. Майлаш мо карта мегирем, аммо бӯи таҷрибаи талхи картадорию банкоматбозии собиқ бонкҳои муфлисшудаи пули мардум сӯхта, аз машомамон дур нашудааст охир!
Барои ман танҳо падару модарам ва Президент муҳтараманд, зеро онҳо барои ман заҳматҳои беқиёс кашидаанд. Агар хоҳед муҳтарам шавед, кӯшиш кунед, то насиҳатҳову дастуру ҳидоятҳои Президентро, ки дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти судӣ карда буданд, сармашқи кори худ кунед, обу рӯятонро бардоред. Медонед, чӣ гуфта буданд? Не шояд! Ҷаноби Президент гуфта буданд, ки "аз муносибату тарзи нодурусти ташкили кори шумо мардум аз сиёсати давлату Президент норозӣ мешаванд".
Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз ҷорӣ кардани ин низому маркази протсессингиатон 25 миллион доллар сӯд мегиред. Аммо рус ҳам нофаҳм нест, ки манфиате, ки 25 сол гирифтааст, аз даст диҳад. Бояд донед, ки аввал манфиати халқ аст, баъд аз давлат. Манфиати бонкҳоро ба инобат гирифта, ҳама субъектонро саргардон кардед. Лоақал шаш моҳ як низомашро таҷриба мекардед ва баъдан оҳиста - оҳиста мегузаштед. Лекин хизмати хирсона кардед!
Холо ду рох вучуд дорад:
1. Ин низомро ба тартиб оварда, таъҷилан саргардонии мардумро ҷуброн мекунеду расман бонк аз мардум узр мепурсад
2. Ё расман эълон кунед, ки аз уҳдааш намебароед.
Медонед ман барои чӣ ин ҳарфҳоро гуфтам? Чунки кафили ҳуқуқу озодиҳои ман тибқи Конститутсияи Ҷумҳурӣ Президент мебошад.
Медонед саргардонию дилгирию аз даст додану аз ханда маҳрум шудану танҳо мондану интизори кашидани мардумро фикр кардам ва ин шеър ба ёдам омад, ки мегӯяд:
.
Ту борон набудӣ, ки дилгирии ин ҳаворо бифаҳмӣ,
Ту гиря накардӣ барои касе, то бидонӣ ки чӣ мегӯянд.
Дилат танг набуда механдӣ ту аз ҳисси дилтангӣ мегӯянд,
Ту танҳо намондӣ, ки ҳоли дили бекарорро бифаҳмӣ,
Азизат нарафтаст, ки ташвиши суди қаторро бифаҳмӣ,
Ту аз даст надодӣ, бифаҳмӣ, чӣ аст тарси аз даст додан.
Ҷои ман набудӣ, ки бидонӣ чиест фарқи байни туву ман,
Ту ҳич вақт нарафтӣ лаби ҷода то интизорро бифаҳмӣ
Парешон набудӣ, ки нагзаштани лаҳзаҳоро бифаҳмӣ
Ту оне ки рафта чӣ медонӣ аз ғуссаи ҷои холӣ
Ман онам, ки монда, чӣ медонам аз қиссаи бехаёлӣ.

Ман мавқеи шаҳрвандиамро гуфтам, ҷаноби Раис!

Чоршанбе 29 Январ 2014

/z/543" data-onclick="" data-render-era="1" data-render-year="2014" data-render-month="1" data-prev-era="1" data-prev-year="2013" data-prev-month="12" data-next-era="1" data-next-year="2014" data-next-month="2" data-caller-type="ZoneArchive" >

Январ 2014
Душ Cеш Чор Пан Ҷум Шан Якш
30 31 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, аз моҳи феврали соли ҷорӣ баъзе имтиёзҳое, ки барои воридоти мошин дар кишвар ҷорӣ буданд, лағв мешаванд.

Баҳои мусбати ширкаткунандагони ҷаласаи васеи ҳукумат ба вазъи кишвар вокунишҳои гуногуни коршиносонро ба бор овардааст.

Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” эълом кард, ки соли гузашта андаке бештар аз 14 миллиарду 400 киловат соат нерӯи барқ тавлид кардааст, ки ним миллиард киловат бештар аз соли 2011 аст.

Кумитаи андози Тоҷикистон корхонаи Роҳи оҳан, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкати "Индиго" - ро беҳтарин андозсупорандагони соли 2012 унвон кардааст.

Сокинони кишвар мегӯянд, роҳандозӣ шудани тиҷорати онлайнӣ дар Тоҷикистон, кори онҳоро осон ва барои сарфаи вақташон низ мусоидат мекунад.

Дар гузориши Бунёди Мерос ё Heritage Foundation, ки зери номи “Нишондодҳои озодии иқтисод” ба табъ расидааст, Тоҷикистон дар зинаи 131 қарор гирифта, як зина аз соли гузашта поин рафтааст.

Ширкати Maplecroft сармоягузорӣ дар соҳаи истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминии Тоҷикистонро "хавфнок" хондааст.

Starwood, бузургтарин шабакаи меҳмонхонаҳо дар ҷаҳон, гуфтааст, дар соли 2013 вориди бозори Тоҷикистон хоҳад шуд.

Додситонӣ тафтиши парвандаи гаравгонгирии як соҳибкорро хотима дода, онро ба баррасии додгоҳ ирсол кард.

Сафҳаи гузориши хонандагон

Шарҳҳо

Шахсе, ки манфиати худ ва манфиати оилаашро аз манфиати давлат боло мегузорад, сазовори роҳбари давлат нест ва кишварашро ба хатари калон дучор мекунад. Оилае, ки нафсаш бад аст, сазовори ҳукмрони нест. Инҳо тамоми оппозитсияро несту нобуд карданд, ҳар касе, ки ба ҷои президент даъво ё нақша дошт, ҳабс карда ба зиндон шинонданду, қир карданду тарсонданд, то ки ҳама хап шаванд. Сарқонунро чи хел хоҳанд, иваз карданд. Акнун мехоҳанд, абади як оила ҳукмрони кунанд. Ҳол он ки халқи бечора тӯли солҳо дар ғарибӣ кори вазнинро иҷро карда ба ватанаш ҳар яке чор танга пур мефиристад.. Нав номус дорад, нав виҷдон. Ба русӣ: наглость - второе счастье.

Ин чи бало пневмания бисёр шудестай

Дар кишвар кайло ин бемори пайдо шудааст вале намедонам макомот чи накша доранд? Чанд кас бояд бемор шавад то он ки шумо икрор шавед? Лоакал эьлон кунед ки барои профилактика одамхо аз эхтиет кор гиранд охир тамоми транспортхо моломоли одам аст хама бемор мешаванд акл хаст е шумо хамино мунтазиред?

"Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!" Шарҳ агар ба тавсифи таърифи РО бошад дар он тамоми суханҳои дағалҳам ҷой гирад иҷозат дода мешудасту бар муқобил бошад на, боз аз рӯзноманигории демократӣ сухан меронед, агар гуфтаҳоятон дуруст бошад пас шумо бояд ба ҳама гуна шарҳҳо бояд шаффоф бошед.

Ман дер боз чунин мақолаи пурмӯҳтаво ва писандидаро мутолиа накарда будам. Дастат дардро набинад бародари азиз. Боиси ифтихор аст, ки мо чунин фарзона фарзандони босавод дорем, пайравони аслии бузургони гузаштае, ки Ҳофизҷон дар мақола ёдовар шудаанд. Бо чунин равшанфикрон ояндаи миллат дурахшон аст.

Читайте также:

Пожалуйста, не занимайтесь самолечением!
При симпотмах заболевания - обратитесь к врачу.

Copyright © Иммунитет и инфекции