Пешгирии коронавирус дар точикистон


Назаре ба бозёфтҳои охирини олимон дар бораи вируси нав

Воҳимаи паҳншавии коронавирус ҳар рӯз бештар мешавад. Одамоне, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам зиндагӣ мекунанд, аз наздик шудани вируси нав ҳушдор медиҳанд.

Тибқи иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аз аввали моҳи январ то 28-уми феврал беш аз 83 000 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, наздик ба 3000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Нигарониҳо дар Тоҷикистон ҳам садо медиҳанд. Мақомот парвозҳоро ба Чину Эрон муваққатан қатъ карда, масъалаи парвозҳо ба Кобулро баррасӣ доранд. Бо ишора ба сабт шудани як ҳолати гирифторӣ ба вирус дар Афғонистон ва афзоиши шумораи ҳодисаҳои тасдиқшудаи сироят ва фавти мардум аз ин беморӣ дар Эрон.


Дар Узбекистон Маркази мубориза ба зидди коронавирус фаъолият мекунад. Чанд рӯз пеш бо сабаби сар задани коронавирус дар Афғонистон ин Марказ дар ҷаласаи худ пешниҳод кард, ки сарҳад бо Афғонистон муваққатан баста шавад. Вале дар вебсайти Вазорати тандурустии Узбекистон то ҳол маълумот дар бораи он ҷаласаи Маркази мубориза бо коронавирус ва таклифи баста шудани сарҳад нашр нашудааст.

Дар Тоҷикистон, аз ҷамъи 1148 нафаре, ки аз Чин ба кишвар омадаанд ва аз хатари коронавирус ба карантин гирифта шудаанд, беш аз 880 нафарашон (то рӯзи 26-уми феврал) аллакай рухсат шудаанд. Тибқи гузоришҳо, дар байни одамони дар карантинбуда нишонаҳои сирояти коронавирус пайдо нашудаанд.

Оғози паҳншавии коронавирус

Аз моҳи декабри соли 2019, дар Вуҳан як бемории шадиди роҳи нафас, ки тавассути вируси номаълум ба вуҷуд омадааст, зуд ва бо суръати зиёд ба тамоми Чин (Хитой) паҳн шуд. Овозаи ин беморӣ бо суръати зудтаре аз худи беморӣ паҳн мешаванд ва мардумро ба воҳима меоварад. Матбуот ба он таваҷҷуҳи бесобиқа нишон медиҳад.

Рӯзи 23-юми январ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) эълом дошт, ки пандемия номидани паҳншавии коронавирус ҳанӯз зуд аст, аммо аллакай пас аз ҳафтае, 30-юми январ, СҶБ эълон кард, ки хуруҷи коронавирус як ҳолати фавқулодаи хатар ба сиҳатии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт вируси навро "COVID-19" ном дод ва аз олимон ва мутахассисон даъват кард, то давои ин вируси марговарро ҳарчи зудтар пайдо кунанд.

Вируси нав аз одам ба одам мегузарад ва суръати паҳншавии он назар ба зукоми оддии мавсимӣ тезтар аст.


Коронавирус барои бизнес ва саноат мушкилоти зиёдеро ба бор овард. Бозорҳои саҳомӣ пас аз паҳн шудани вируси нав ба берун аз Чин хеле коҳиш ёфтаанд.

Одамон аз мулоқот, сафари корӣ ва тафреҳӣ худдорӣ мекунанд. Бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси нав, сиёсатмадорон ҳолатҳои фавқулода эълон намуда, ҳалли дигар масъалаҳои мубрамро ба қафо гузоштаанд. Мақомоти кишварҳо чорабиниҳои оммавӣ ва маҷлисҳоро бозмедоранд, донишгоҳҳо ва семинарҳо, мактабҳо ва кӯдакистонҳо, осорхонаҳо, тарабхонаҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ баста мешаванд.

Роҳбандон ва давраи хоби вирус

Сарҳади кишварҳо баста мешаванд, шаҳрҳои хурду бузург дар муҳосира мемонанд. На танҳо дар Хитой, балки дар кишварҳои дигари ҷаҳон дарвозаи баъзе шаҳрҳо, ки дар он ҷо авҷи коронавирус ба амал омадааст, пурра баста шудаанд. Рӯзи якшанбе (23-юми феврал) дар Итолиё пас аз тасдиқи он ки ба 133 нафар вируси COVID-19 сироят кардааст ва ҳашт нафари онҳо, ки синнашон аз 77 боло буд, аз ин беморӣ фавтиданд, 10 шаҳр бо аҳолии тақрибан 50,000 нафар пурра баста шуданд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва сиёсатмадорон дар сатҳи болотарин вохӯриҳо баргузор мекунанд ва даъват мекунанд, ки барои боздошти паҳншавии вируси хатарнок "иқдоми бесобиқа" гузошта шаванд. Масалан, мақомоти Исроил дастурҳоро "барои исроилиёне, ки ба ватан бармегарданд" таҳия кардаанд ва сиёсатмадорон талаб мекунанд, "ин дастурҳо қатъан риоя карда шаванд."

Тибқи як таҳқиқоти Чжонг Наншан – роҳбари гурӯҳи коршиносон, ки аз ҷониби ҳукумати Чин таъин шудааст ва назорати хуруҷи коронавирусро ба ӯҳда дорад, давраи миёнаи исоби (инкубатсияи) коронавирус танҳо се рӯз аст. Натиҷаҳои таҳқиқоти охирини нашршуда нишон доданд, ки танҳо дар баъзе ҳолатҳо давраи исоб барои коронавируси нав метавонад то ба 24 рӯз бирасад. Аз ин рӯ, дароз кардани мӯҳлати инҳисор (карантин) барои шахсони гумонбар ба ин беморӣ лозим нест.

Натиҷаҳои ба дастовардаи олимон барои роҳнамоии амалияи барқарор кардани мӯҳлати инҳисор барои қатъи иртиботи наздик бо беморони сироятшудаи коронавируси COVID-19 истифода мешаванд.

Вақте кас вирус мегирад


Олимон даъво доранд, ки COVID-19 ба истилоҳ, ҷияни коронавирусҳои қаблии SARS ва MERS⁠ мебошад, ки ҳамаашон аз зоти коронавирусҳои зоонотикӣ ҳастанд, яъне онҳое, ки аз ҳайвонот ба одам гузаштаанд.

Оид ба он ки COVID-19 чӣ гуна дар тани инсон амал мекунад ва ба он зарар меорад, олимон то ҳол ҷавоби дақиқ надодаанд. Ягона чизи то ҳол маълум он аст, ки коронавируси COVID-19 ба монанди коронавирусҳои SARS ва MERS шадидан зарарнок аст. Ба монанди дигар бемориҳои роҳи нафас COVID-19 дар бадани инсон "тӯфон" ва "оташ" барпо мекунад ва он на танҳо ба шуш, балки ба ҷигар, гурдаҳо, испурч ва узвҳои дигари ҳаётии бадан таъсир мерасонад.

Беморон метавонанд табларза ва сулфа дошта бошанд, ки баъдан варами шуш ё бадтар аз онро ба бор меоваранд.

Анна Сук-Фонг Лок, муовини декани маркази таҳқиқоти бемориҳои Мактаби Пизишкии Донишгоҳи Мичиган ва собиқ президенти Созмони Амрико оид ба омӯзиши бемориҳои ҷигар шарҳ медиҳад, ки ба монанди зукоми муқаррарӣ, ҳама коронавирусҳо (ҳам SARS ва MERS ва ҳам COVID-19) бемориҳои роҳи нафас мебошанд ва маркази ҳамлаи онҳо шуши инсон аст. Одатан онҳо ҳангоми сулфа ё атсазании шахсе паҳн мешаванд. Дар чунин ҳолат қатрачаҳои сулфа ва ё атсаи ин шахс дар ҳаво паҳн мешавад ва метавонад вирусро ба ҳар одами бо ин шахс дар тамоси наздик буда, бирасонад.

Се марҳилаи марговар

Аммо дар ҳақиқат вақте ки ин коронавируси нав ба инсон сироят мекунад, ба узви бадани инсон чӣ мегузарад?

Ба гуфти олимон, беморӣ одатан дар се марҳила ба шуш таъсир мерасонад:

  • нусхабардории вирус
  • фаъолияти аз ҳад зиёди низоми масуният (низоми иммун)
  • вайрон шудани шуш

На ҳама беморон аз ин се марҳила мегузаранд. Дар асл, танҳо 25 дарсади беморони ба вируси роҳҳои нафас сироятшуда аз норасоии шадиди кори шуш азият мекашанд. Монанд ба ин, тибқи маълумоти пешакӣ, 82 фоизи ҳолатҳои сироят ба вируси COVID-19 нишонаҳои сабуки бемориро ба бор меоваранд, ҳолатҳои боқимонда ҷиддӣ ё хатарнок мебошанд.

Дар рӯзҳои аввали сироят коронавируси нав ба ҳуҷайраҳои шуши одам зуд ворид мешавад. Ин ҳуҷайраҳои шуш дар ду намуд пайдо ҳастанд: онҳое, ки луоб ба вуҷуд меоранд ва онҳое, ки дорои пашми ба мӯй мубаддалгардида мебошанд, ки ин пашмакҳо мижача ном гирифтаанд. Луоб бофтаи шушро аз микроорганизмҳои зарарнок муҳофизат мекунад ва шуши моро намемонад хушк шавад. Ҳуҷайраҳои мижачаҳо бошад дар атрофи луоб давр мезананд ва тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, то луобро аз хошоке ба монанди гард ё вирус ва дигар ғализиҳо тоза нигоҳ доранд.

Мэттю Фриман, як профессори Мактаби тиббии Донишгоҳи Мэриленд, ки коронавирусҳои зарароварро меомӯзад, шарҳ медиҳад, ки "коронавируси SARS куштани ҳуҷайраҳои мижачаҳоро дӯст медошт ва ба ин восита роҳҳои нафаскашии беморро бо хошок ва моеъ пур мекард. Фриман бар он аст, ки коронавируси нав ҳам худи ҳамин гуна амалро ба бор меоварад". Мэттю Фриман барои он ба ин хулоса мерасад, ки таҳқиқоти пешакии вируси COVID-19 нишон доданд, беморони зиёде ба варами ҳарду шуш гирифтор мешаванд ва нишонаҳои монанди тангии нафаскаширо доранд.

Маҳз аз ҳамин вақт марҳилаи дувуми таъсири зарарноки вируси COVID-19 шуруъ мешавад, ки дар ин марҳила низоми масунияти бадани мо кори худро оғоз мекунад. Ҳангоми ҳузури ҳамлаи вирусӣ узвҳои дохилии бадани мо барои мубориза бо ин беморӣ фаъол мешаванд ва шушро бо ҳуҷайраҳои масуниятӣ (иммунӣ) пур мекунанд, то вайроншавии шушро пешгирӣ, барканор ва бофтаи шушро барқарор кунанд.

Бо фаъолияти дурусти низоми масуният, ин раванди илтиҳоб ба таври қатъӣ танзим карда мешавад ва кори он танҳо бо минтақаҳои сироятшуда маҳдуд мешавад. Аммо вақте низоми масунияти мо вайрон мешавад, ин ҳуҷайраҳои масуниятӣ дар роҳи худ ҳама чизро, аз ҷумла бофтаҳои солими узвҳои бадани моро мекушанд. Шушҳои мо боз ҳам чиркинтар мешаванд ва варами онҳо шадидтар мешавад.

"Ҳамин тавр, аз аксуламали низоми масуният (ҳангоми сирояти коронавирус), мо зарари бештар мебинем, на камтар", -- мегӯяд профессор Мэттю Фриман.


Дар марҳилаи саввум зарари коронавирус ба шуш торафт меафзояд, ки метавонад ба камбуд ё истоди кори шуш оварда расонад. Дар ин ҳолат, ҳатто агар он ҳолат марговар ҳам набошад ва баъзе беморон зинда монанд, ба шуш осеби сахт мерасад. Мисли вируси SARS, коронавируси нав дар шуши зарардида сӯрохиҳоро ба вуҷуд меорад, ки онҳо "намуди сӯрохиҳои асали мумдор"-ро доранд. Олимон чунин меҳисобанд, ки ин сӯрохиҳои "мисли асали мумдор" эҳтимол аз ҷониби аксуламали аз ҳад зиёди низоми масуниятии мо ба вуҷуд меоянд, ки натиҷаи он аксуламал бояд ҷароҳатҳое бошанд, то шушро аз вирус ҳифз намоянд ва мустаҳкам нигоҳ доранд.

Дар ҳолати вориди чунин тағйирот ба шуш, ба шуши беморон аксар вақт вентиляторҳо мегузоранд, то нафаскашии онҳоро осонтар гардад.

Дар баробари он, чунин варами шуш ба мембранаҳои байни халтаҳои нафас ва рагҳои хунгузар таъсир мерасонад ва онҳоро шаффофтар мегардонанд. Ин ҳол боиси бо моеъ пур шудани шуш мегардад, ки ба қобилияти он ба пур кардани хун бо оксиген таъсири бад мерасонад. "Дар ҳолатҳои вазнин аксар вақт шумо шуши худро бо моеъ пур мекунед ва бинобар ин нафас гирифта наметавонед," -- хулоса мебарорад профессор Мэттю Фриман ва меафзояд, "ҳамин тавр одамон мемиранд." ⁠

Рахна дар узвҳои дигари бадан

Вақте ки коронавирус ба бадани мо дохил мешавад, он дар тарафи берунии ҳуҷайраҳои инсон ҳуҷайраҳоеро меҷӯяд, ки дарвозаҳои дӯстдоштаашро доранд: яъне - сафедаҳоеро, ки ретсепторҳо ном доранд. Агар вирус дар ҳуҷайра ретсепторҳои мувофиқро пайдо кунад, вай метавонад ба он ҳамла кунад.

Ба гуфтаи Анна Сук-Фонг Лок (муовини декан оид ба тадқиқоти бемориҳо дар Мактаби Пизишкии Донишгоҳи Мичиган ва президенти собиқи Созмони Амрико оид ба омӯзиши бемориҳои ҷигар), баъзе вирусҳо "ҳангоми интихоби дарҳои ворид шуданашон хосияти хурдагирӣ доранд, аммо дигарон каме бадахлоқтар ҳастанд ва метавонанд ба осонӣ ба ҳамаи намудҳои ҳуҷайраҳо ворид шаванд."

Аммо, ин аслан нишонаи он нест, ки худи вирус дар тамоми бадан паҳн мешавад, – мегӯяд Ангела Расмуссен, муҳаққиқи вирус ва пажӯҳишгари Мактаби тандурустии ҷамъиятии Колумбия.

Тибқи назари муҳаққиқи ахирӣ, ин ҳолат метавонад як тундбоди оддии ситокинҳо бошад, яъне сафедаҳое, ки низоми масуният онҳоро ҳамчун нишонҳои амали худ истифода мекунад. Ситокинҳо ҳуҷайраҳои масуниятиро ба макони сироят ҷалб мекунанд. Сипас ҳуҷайраҳои иммунӣ бофтаи зарардидаи баданро мекушанд, то қисмҳои дигари аъзои баданро эмин нигах доранд. Мо ба низоми масуниятии худ такя карда, дар муқобили таҳдидҳо ором монданро интихоб мекунем. "Аммо дар вақти сирояти беназорати коронавирус, низоми масуният цитокинҳоро бидуни ҳеҷгуна танзим ба шуш ворид мекунад" - шарҳ медиҳад Ангела Расмуссен.

Ҳамин тариқ, таъсири сирояти коронавирус берун аз шуш паҳн мешавад. Тӯфони ситокинӣ илтиҳобро ба вуҷуд меорад, ки рагҳои хунгузарро дар шуш суст намуда, маҷбур мекунад, ки моеъ ба халтаҳои шуш ворид шавад." Дар асл, рагҳои хунгузаратон худашон хун мерезанд", – мегӯяд Ангела Расмуссен. "Тӯфон ба низоми гардиши хуни шумо ворид мешавад ва барои якчанд узвҳои низомиатон мушкилот эҷод мекунад ва аз ин ҳол дигар ҳама чиз метавонад ҳоли бадтареро пайдо кунад."

Олимон то ҳоло дақиқ намедонанд, ки чаро баъзе беморон дар ҳолати сирояти коронавирус мушкилии бемориҳои берун аз шушро аз сар мегузаронанд, аммо сабаби он метавонад ба бемориҳои аслӣ, ба монанди бемории қалб ё диабет вобаста бошад.

Ҳомила ва коронавирус?

Дар маҷаллаҳои тиббӣ аллакай дар бораи таҳқиқоти сар задани вируси нави COVID-19 мақолаҳои зиёде чоп шудаанд. Аммо, ба гуфтаи Ангела Расмуссен, дар асл "фаҳмидани ҳамаи ин маълумот, фаҳмидани он ки кадоме аз ин маълумот воқеият асту кадомаш "обфурӯшист", мушкил аст".

Масалан, ҳафтаи гузашта духтурони беморхонаи Вуҳан хабар доданд, ки ду кӯдак дар бораи сирояти коронавирус натиҷаи мусбат нишон доданд ва яке аз онҳо пас аз 30 соати таваллуд шуданаш. Табиист, ки сарлавҳаи ин мақолаи нигаронкунанда зуд дар шабакаҳои хабарии зиёде паҳн гашт, зеро суоле ба миён овардааст, ки оё занони ҳомила метавонанд кӯдакони таваллуднашударо дар батни худ сироят кунанд ва ё ки ин беморӣ мумкин аст ҳангоми таваллуд ва ё тавассути шири сина сар зада бошад?

Қаблан, бо вуҷуди он ки занони ҳомила ба коронавирусҳои SARS ё MERS сироят ёфта буданд, ягон холати гузаштани ин вирусҳо аз модар ба кӯдак сабт нашуда буд. Ангела Расмуссен мегӯяд: "Ғайр аз он, дигар роҳҳое ҳастанд, ки кӯдаки навзод метавонад коронавирусро пайдо кунад. Масалан, дар ҳолати фавқулода ҳангоми таваллуд дар беморхонаи пур аз беморони сироятшуда."

Дар асл, натиҷаи як пажӯҳиши нав, ки рӯзи панҷшанбеи гузашта дар Лансет нашр шудааст, далелҳои пешакӣ меоварад, ки коронавирус аз модар ба кӯдак интиқол дода намешавад. Дар гузориши худ муҳаққиқон навиштаанд, онҳо нӯҳ занро дар Вуҳан мушоҳида кардаанд, ки мубталои вируси COVID-19 буданд. Баъзе занон бо душвориҳо дучор мешуданд, аммо ҳама ҳолатҳо боис ба таваллуди зинда ва бе далелҳои интиқоли вируси нав буданд. Гарчанде ки ин таҳқиқот имкони интиқоли вирусро дар давраи ҳомила будан пурра истисно намекунад, аммо зарурати эҳтиётнигорӣ дар мубоҳисаҳо дар бораи ин беморӣ таъкид карда мешавад.

Ангела Расмуссен мегӯяд, "пеш аз он ки шумо дар бораи воқеият будани рӯйдоде сухан мегӯед, бояд дар даст далелҳои қатъӣ дошта бошед ва ҳатман пеш аз ворид кардани тағйирот ба усули табобат ё аз нуқтаи назари дахолат ба сиёсати давлатӣ далелҳои қатъӣ бояд вуҷуд дошта бошанд".

Чӣ бояд кард?

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои пешгирии сироят ба коронавируси нав тавсияҳое омода кардааст.

Бо мақсади муҳофизат кардани худ ва дигарон аз сирояти вирус, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштро тавсия медиҳад. Бояд зуд–зуд дастҳои чиркиншударо бо собун ва зери оби равон шуст, махсусан пас аз атса задан ё сулфидан ва ҳамчунон ҳангоми нигоҳубини беморон, ҳангоми тайёр кардани хӯрок, пас аз рафтан ба ҳоҷатхона, пас аз олудан ба чирк ё партовҳо, пас аз тамос бо ҳайвонот ё партовҳои онҳо. Ҳангоми сулфидан ва атса задан даҳон ва биниро бо рӯймолча мепӯшонанд. Инчунин шумо аксар вақт бояд дастҳо ва рӯятонро бо моеи дорои спирт ё дигар воситаи антисептикӣ тоза кунед. Ин ва дигар чораҳои муҳофизат аз коронавирусро тавассути пахш кардани ин линк пайдо кардан мумкин аст.

Духтурон, инчунин, тавсия медиҳанд, ки ба ҷойҳои ҷамъиятӣ наравем ва алоқаи ҷисмониро бо одамоне, ки нишонаҳои зуком доранд, қатъ кунем. Эҳтиёт бояд шуд, то ба чашм, бинӣ, даҳон ва рӯямон даст назанем, зеро вирус худ ба худ аз сатҳи рӯй ба роҳи нафаси мо дохил намешавад. Вай ба миёнарав, яъне дастҳоямон ниёз дорад ва аз ин рӯ, бояд кушиш ба харҷ дод, то бо дастони худ ашъёи атрофро камтар даст расонем.

Тибқи баъзе гузоришҳо, паҳншавии коронавирус коҳиш ёфтааст, аммо шод шудан ҳанӯз хеле зуд аст. Духтурон маслиҳат медиҳанд, ки ба воҳима наафтем, вале боз ҳам тамоми чораҳои эҳтиётиро биандешему ба кор андозем. Саломат бошем!

















  • Bahasa Melayu
  • Русский
  • English (UK)
  • Українська
  • Suomi
  • 中文(简体)
  • Deutsch
  • العربية
  • Türkçe
  • Français (France)
  • Español

Муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба шуюи бемории нав дар Чин

Бо дарназардошти интишори вируси корона дар Чин, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.

Аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Чин қарор доранд, дархост мешавад, ки маълумот ва ному насаби худро ба Сафорати Тоҷикистон дар Пекин аз тариқи почтаи электронии tajembbeijing@mfa.tj ё рақамҳои телефони зерин пешниҳод кунанд: +8618511786686 (Суҳроб Қодиров), +8618514270747 (Амриддин Носиров) ва +8613522787975 (Фаромуз Пирмухамедов). Суроғаи Сафорати Тоҷикистон: Пекин, No.LA 01-04, Liangmaqiao Diplomatic Compound.

Бино ба маълумоти расида, дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи мубтало шудан ба вируси корона ба қайд гирифта нашудааст.

Аз ҳамватанон хоҳиш менамоем, ки оромиро нигоҳ дошта, қоидаҳои будубоши кишвари маҳалли иқомат ва талаботҳои зарурии пешгирии бемориро риоя кунанд.

Сафорат ҳолати паҳншавии вируси мазкур дар Чинро пайваста пайгирӣ намуда, муосидати заруриро ба шаҳрвандон мерасонад.

Корҳо дар ин самт идома доранд.

Обращение к гражданам Таджикистана в связи с распространением новой болезни в Китае

В связи с распространением коронавируса нового типа в Китае, МИД Республики Таджикистан рекомендует гражданам воздерживаться от поездок в Китайскую Народную Республику.

Просим всех граждан Таджикистана, находящихся на территории Китайской Народной Республики, сообщить информацию и свои контактные данные (ФИО, место и цель пребывания в Китае, а также номер мобильного телефона) Посольству нашей страны в Пекине через электронную почту tajembbeijing@mfa.tj или по телефонам: +8618511786686 (Сухроб Кодиров), +8618514270747 (Амриддин Носиров) и +8613522787975 (Фаромуз Пирмухамедов). Адрес Посольства Таджикистана: Пекин, No.LA 01-04, Liangmaqiao Diplomatic Compound.

Следует отметить, что среди граждан Таджикистана случаев заряжения новым коронавирусом не зарегистрировано.

Призываем наших граждан сохранять спокойствие, соблюдать правила страны пребывания и необходимые меры по профилактике заболевания.

Посольством Таджикистана в Пекине проводится постоянный мониторинг ситуации вокруг распространения коронавируса в Китае, а также оказывается необходимая помощь гражданам Таджикистана.




Шоми 17 апрел ба навбатдори фаврии қисми навбатдории Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки плитаи оҳану бетонии боми зинапояи ошёнаи панҷуми бинои 7 М4, кӯчаи Испечак 1, воқеъ дар пушти тарабхонаи.


«Ҳарчанд то имрӯз дар Тоҷикистон бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд чораҳои зиёди пешгирикунандаро дар ин самт амалӣ менамоянд. Сатҳ ва сифати озмоишгоҳе, ки дар Тоҷикистон ба ташхиси .


Аввалин бор фикри ба карантин фаро гирифтани беморони сироятӣ аз ҷониби маъруфтарин донишманду файласуф, ҳакиму табиб, равоншиносу риёзидон, ситорашиносу шоири тоҷик Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ба вуҷуд омадааст. Ин матлабро мудири Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи.


Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони дигари воқеию ҳуқуқӣ!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП1059, бандҳои 4 ва 7 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018, №5 ва Протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2018, №2к/39-24 бо мақсади ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳу маҳалли аҳолинишини мамлакат, лоиҳаҳои намунавии бинои синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳи тиббӣ, бинои маркази саломатӣ, таваллудхона, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, дигар корхонаҳои истеҳсолӣ ва майдончаҳои варзиширо таҳия намудааст.
Муфассалтар.

Ҷиҳати интихоби лоиҳаи намунавӣ масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони дигари воқеию ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории он ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Ҷойгиронии бинову иншооти интихобшуда дар маҳал тавассути корхонаҳои фаръии Корхона воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и Кумита, ки дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон, лоиҳаҳои иншооти зикршуда бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.

Коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ

Маркази таълимӣ-истеҳсолии занона

Ҳаммом бо сартарошхона ва кошонаи ҳусн

Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 27 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров 22-25 октябри соли 2018 баён доштанд, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд кардани меҳмонхонаҳои хурду миёна бо тарҳи замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, лоиҳаҳои ангоравии меҳмонхонаҳои хурду миёнаро дар сомонаи худ ҷой додааст.

Ҷиҳати интихоби лоиҳаи намунавӣ масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории он ба ташкилотҳои лоиҳакашӣ муроҷиат намоянд.

Ошхонаи миллӣ ва Меҳмонхона

Бинои меҳмонҳонаи чорошёна

Меҳмонхона ва маркази савдо

Ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 июни соли 2018, №335 ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ мерасонад, ки таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳавӣ, сохтмони биною иншоот дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо мувофиқ ба талаботи қарори мазкур бо истифода аз санъати шаҳрсозии миллию муосир ва масолеҳи босифати сохтмонӣ бо сифати баланди меъморӣ ва сохтмонӣ бояд амалӣ карда шавад.
Муфассалтар.

Бо ин мақсад Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11 ва 12 ошёнаро пешниҳод менамояд.

Ҷиҳати интихоби лоиҳаи намунавӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ, соҳибкорон ва шахсони дигари воқеию ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба талаботи маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани он ба ташкилотҳои лоиҳакашӣ, ки лоиҳаи интихобшудро таҳия намудаанд, муроҷиат намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.


Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати .

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати


Рушди сайёҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Рушди сайёҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Рушди сайёҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.



Рушди сайёҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Рушди сайёҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Рушди сайёҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Чоршанбе Аловатов Шоҳҷоизаи озмуни телевизионии Central Asia's Got .


ИДИ ҲАҚИҚИИ КИТОБ Муаррифии китоби “Темурмалик - Достони .


Театри опера ва балети тоҷик ба рӯйхати даҳгонаи .


Рушди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар давраи .


ЧАКАН – МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ҒАЙРИМОДДИИ БАШАРИЯТ .


Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ .


«САД САНО БОДО БА ОН ДАСТЕ, КИ ТОҚӢ .



Сабти сурудҳои ҳунармандон .

Густариши ҳамкориҳои муштараки хадамотҳои амниятии Тоҷикистону Афғонистон
Таъмини амнияти давлату миллат самти асосӣ ва муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, дар ин замина, дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, хоса дар Ҷумҳурии ба мо ҳамсоя Афғонистон ба муқобили ҳама гуна .

ТЕАТР ҳунаре, ки бояд ба мақсадҳои нек кор фармуда шавад
Пеш аз он ки роҷеъ ба мавқеи театр ва кино, яъне драматургия, дар мубориза бар зидди терроризм сухан ронем, бояд ин нуктаро низ зикр намоем, ки бархе аз муҳаққиқони соҳа ин ду намуди ҳунарро ҳатто барангезандаи ин амал меноманд. Онҳо чунин мешуморанд, ки ҷузъҳои муҳими театр – намоиш ва амал, .


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон .

Читайте также:

Пожалуйста, не занимайтесь самолечением!
При симпотмах заболевания - обратитесь к врачу.

Copyright © Иммунитет и инфекции